21 Декабр 2024 - 19:31
Фитнаи ДИИШ, ҳузури Эрон дар Сурия ва ояндаи Исроил/ Посухҳои сареҳи дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон

Ба гуфтаи доктор Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз замони Ҳофиз Асад, мураттабан тавсия ва талошаш ин буд, ки Сурияро ба самти ҳамгароии иҷтимоӣ ва мардумӣ ҳидоят кунад.

Бо суқӯти давлати Сурия ба дасти муҳоҷимин мусаллаҳ, саволоту ибҳомоти зиёде эҷод шуд. Душманони меҳвари муқовимат, ки аз солҳо пеш, ба таври мустамару сангин, дар бораи ҳузури Эрон дар Сурия машғӯли амалиёти равонӣ ва расонаӣ буданд, фазои ҷадидро барои вуруд ба марҳалаи тозае аз ин амалиёти равонӣ ва расонаӣ, муҳайё диданду анвоъу ақсоми шубаҳоту акозиби резу дуруштро ба таври густарда дар бораи меҳвари муқовимат, ҳузури Эрон дар Сурия, чароӣ ва чигунагии ин суқӯту мавзуоти мушобеҳи дигар матраҳ карданд.

Ба гузориши Порс тудей, дар ҳамин росто, расонаи KHAMENEI.IR дар гуфтугу бо доктор Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, ба баррасии ҷузъитари парвандаи ҳузури мусташории Эрон дар Сурия пардохтааст. Мантиқи ҳузуру пешшартҳои он, чароии коҳиши ҳузури Эрон дар Сурияи пасо ДИИШ, тафовутҳои ДИИШ ва мусаллаҳини ҳоким бар Сурия, наҳваи бархӯрди Эрон бо ин мусаллаҳин дар солҳои гузашта ва навъи нигоҳ ба онҳо, чароии адами мудохилаи низомии Эрон дар вақойеъи ахири Сурия ва билохира таъсири ин вақойеъ бар меҳвари муқовимату пуштибонӣ аз он, аз ҷумлаи мавзуоте аст, ки дар ин гуфтугуи тафсилӣ ба он пардохта шудааст ва шумо гузидае аз онро дар ин матлаб аз Порс тудей мушоҳида мекунед:

Бунмояи назарии нигоҳи Ҷумҳурии исломӣ ва ба табаъи он маҷмуаҳои амниятии кишвар, ки нуқтаи ҳамгароии ҳамаи онҳо дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллӣ аст, ба мақулаи «амнияти миллӣ» чист?

Аз назари мо, мардум сутуни амнияти миллӣ ҳастанд. Инқилоби Исломӣ бо мардум пирӯз гирифт, бо мардум эҷод шуд ва бо мардум боқӣ монд. Ҳамаи назариёте, ки ҳавлу ҳуши масаълаи «амнияти миллӣ» матраҳ мешавад, зайли сутуни мардум аст. «Мардум» ҳам ки арз мекунам, яъне ҳамаи мардуми чун ҳамаи мардум инқилоб карданд.

Ин дидгоҳ ҳам дар мабонии назарӣ ва мавозеъи амалии Раҳбари инқилоб реша дорад. Ҳамин ду се соли пеш буд, ки эшон фармуданд, Ҷумҳурии исломӣ бидуни мардум маъно надорад ва бидуни мардум ҳеҷ аст. Ба таъбири ҳазрати оқо, «мардумсолории динӣ», яъне инки бар асоси ислом, «мардум», солори ҷомеъа ва умӯри хеш ҳастанд.

Дар мавриди Сурия ҳам агар як баҳсҳое роҷеъ ба ин мавзӯ мешавад, масаъла ин аст, ки давлати Сурияро мо боло наёвардем; давлати хонадони Асад қабл аз мо буд, муҳкам ҳам буд ва ба далели ваҷҳи иштироки бузург ва сутуданӣ дар созишнопазирӣ бо режими саҳюнистӣ ва муқовимат дар баробари Амрико ва Исроил, як таомулоте бо ҳам доштему ҳимояти мутақобил доштем.

Дар як даҳаи ахир ва бо шиддат гирифтани рушди гуруҳҳои террористӣ дар минтақа, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам барои анҷоми амалиёти низомии зиддитеррористӣ, иқдом ба ҳузури мустақими низомӣ ё мусташорӣ дар хориҷ аз марзҳои расмии кишвар кардааст. Ҳузури низомӣ ва мусташории Эрон табъан тобеъи усӯлу завобити хоссе аст. Ин завобит чист?

Асли аввал дифои қотеъона аз кишвар, мардуму манофеи миллӣ, дар баробари бегона аст.

Асли муҳими дигар инки оғозгари таҳоҷум ба ҳеҷ кас набудааст.

Асли сеюм адами дахолат дар умӯри соири кишварҳо аст. Инқилоби Исломӣ бо ҳамаи шиорҳои ормонгароёна ва баъзан дорои ҷанбаи ҷаҳонии ватание, ки дорад, аммо дар ҳеҷ кишваре ба воситаи он ормонҳо ё ҳатто ба хотири манофеи миллӣ дахолат накардааст, магар бо се шарт:

Аввали инки бояд давлати расмии онҷо расман дархост карда бошад. Ҳам дар Сурия, ҳам дар Ироқ, мо барои ҳузур, дархости расмии давлати вақти ин ду кишварро доштем.

Дувум, адами тақобул бо мардум аст. Ҳар касе моро даъват кунад, ки имрӯз биравем онҷо, масалан ба нафъи ӯ бо мардуми онҷо даргир башавем, ҳатман чунин коре нахоҳем кард ва ин аз усӯле аст, ки ба он диққат мешавад.

Сеюм, вуҷӯди манофе ё ормон қатъӣ аст. Дар онҷо, мо ё бояд як манофеи миллии қатъӣ дошта бошем ё як ормони қотеъ; масалан «дифо аз мазлӯм», ки аз ормонҳо ва усӯли мо аст. Агар як миллате мавриди зулм қарор бигирад ва дар канораш ду шарти дигаре, ки арз кардам, вуҷӯд дошта бошад, далеле надорад мо вуруд накунем, чун таклифи динӣ ва инсонӣ бар гардани мо меояд.

Равобити низомӣ ва амниятии Эрону Сурия маҳдӯд ба як даҳаи ахир набудааст. Фалсафаи ин равобит ва ҳамчунин далели ҳузури Эрон дар Сурия ва баъд, иллати коҳиши ҳузури низомии Эрон чӣ будааст?

Низоми ҳукмронӣ дар Сурия мисли бақияи низомҳои арабии минтақа буд. Ваҷҳи мусбату мутамойизи хонадони Асад ин буд, ки инсофан дар баробари ҳамаи фишорҳои байналмилалӣ, минтақаӣ, дӯстон, ошноён, душманон, аз масаълаи муқовимат дар баробари Исроил ва дифо аз ҳуқуқи мардуми Фаластин кӯтоҳ наомаданд. Агар андаке кӯтоҳ омада буданд, бо ҳеҷ кадом аз ин ҳаводис мувоҷеҳ намешуданду лизо ҳамаи ончӣ иттифоқ афтод, товони он муқовимат буд. Аммо зимни зиддисаҳюнистӣ будани низом, рафторҳои нописандидае дар бахше аз системаи мавҷӯд дар давлати Сурия бо мардуми он кишвар ба чашм мехӯрд ва инҳо як шикоферо байни давлату бахше аз мардуми Сурия ба вуҷӯд оварда буд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидо, аз замони Ҳофиз Асад, мураттабан тавсия ва талошаш ин буд, ки онҷоро ба самти ҳамгароии иҷтимоӣ ва мардумӣ ҳидоят кунад.

Баъдан як падедаи сеюме онҷо пеш омад ва он зуҳӯри ДИИШ буд; фитнаи ДИИШ. Мо бояд рафтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давраи ДИИШ-ро бо давраи қабл аз он, куллан аз ҳам тафкик кунем. Бале, мо бо ДИИШ қотеъона вориди ҷанги шудем, ҳамонтавр, ки дар Сурия ва Ироқ бо ДИИШ ҷангидем.

Аммо ДИИШ чӣ вижагиҳое дошт, ки моро ба ин ҷамъбандӣ расонд?

Аввалан ДИИШ як ҷараёни сервиси сохта буд. Мо огоҳ будем ва медонистем инҳоро куҷо ва аз кадом зиндон озод карданд, чӣ касе бо онҳо кор кард, куҷо бурданд, чӣ ҷурӣ дурусташон карданду қиёфаи хеле муваҷҷаҳ ба онҳо доданд. Авоили кор, ДИИШ саъй дошт чеҳрае муваҷҷаҳ аз худ буруз бидиҳад ва хостанд бадале бизананд ба кулли ҷараёни Инқилоби Исломӣ. Бинобар ин, ДИИШ асолати ҳувиятӣ аз худаш надошт.

Сониян ДИИШ фоқиди сарзамин буд, яъне нуктаи бисёр муҳим ин буд, ки ДИИШ ба ҳеҷ сарзамине тааллуқ надошт, яъне ҳеҷ ҷо набуд, ки бигуем ин кишвари инҳо аст.

Солисан инҳо ҳамаҷоро сарзамини худашон медонистанд; яъне сарзамини дигаронро мулки худашон медонистанд, бақияи мамолики исломӣ ва кишварҳои минтақаро ҳам мутааллиқ ба худашон медонистанд. Пас муъоризи ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон буданд.

Робиан тафаккури такфирӣ нисбат ба ҳамаи фирақи исломӣ доштанд. Асоси ДИИШ бар такфир бино ниҳода шуда буд, он ҳам на фақат такфири шиа, балки такфири ҳама ҷуз худ.

Хомисан террори ҷамъии мардумӣ доштанд. ДИИШ бо ҳар меъёре террорист буд; яъне асосан ҳарбаи аслиаш террор буд, камо инки имрӯз ҳам ҳамин аст.

Дастгоҳҳои амниятии мо батаври мудовим доранд тимҳои мухталиферо, ки мефиристанд дохили кишвар дастгир мекунанд ва як ҷанги доимӣ ва пинҳон дар ҷараён аст; гоҳе масалан бист гуруҳ аз онҳоро дар кишвар дастгир мекунанд.

Дар мавриди соири муъоризин, ки дар қазоёи Ҳалаб, дар Димишқ, дар Ғутаи шарқӣ ва ғарбӣ, дар Даръо в Сувидо дар ҷануб, умдатан ҳамин гуруҳҳои муъориз буданд, Ҷумҳурии Исломии Эрон саъй кард, ки байни давлат ва онҳо васотат кунад. Албатта агар ҷое ба мо ҳамла мешуд, аз худамон дифо мекардем.

Аммо инки бинои мо ин бошад, ки инҳоро мисли ДИИШ решакан кунем, ҳеҷгоҳ чунин набуд. Ҳатто вақте дар муҳосира буданд ва қарор шуд тахлия шаванд, амнияти онҳоро таъмин кардем.

Баъд ҳам дар ҳамаи тавофуқоти сиёсӣ, мо аз ин мавзӯ ҳимоят кардем, ки инҳо як ҷое дошта бошанд барои худашон, мустақар бишаванд, онҷо минтақаи рафъи таниш бошад ва касе бо онҳо бархӯрд накунад.

Таҳлилҳое ҳаст, ки гуруҳҳои мухталифе, ки дар шимоли ғарби Сурия буданд, қабл аз ҳуҷуми ахир, таҳаррукоте доштанд. Оё Эрон иттилооте аз ин таҳаррукот ба Сурия надода буд?

Ин таҳаррукот ба давлати Сурия мукаррар гуфта шуд, худи онҳо ҳам тавони иттилоотбадӣ надоштанд, онҳо ҳам медонистанд. Аммо инҷо ду нукта вуҷӯд дошт. Аввал инки давлатмардону артиши Сурия бовар надоштанд инҳо битавонанд як ҳаракати умдаеро анҷом бидиҳанд. Дувуми инки ба артишашону дастгоҳи амниятиашон муттакӣ буданд.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки мо баъд аз итмоми ҳукӯмати ДИИШ, бо тамоюли давлати Сурия қувои худро тахлия карда будем ва дар минтақа ҳузури амалиётӣ надоштем.

Бархе расонаҳои муонид саъй доранд чунин илқоъ кунанд, ки ҳузуру ҳазинаи Эрон дар Сурия дар гузашта, бидуни фоида будааст. Назари шумо дар бораи ин иддао чист?

Мо аз ҳазинае, ки кардем ҳеҷ пушаймон нестем.

Ин ҳадаф, ки нобудии ДИИШ буд, муҳаққақ шуду дастоварди бузурге буд, ки нақшау тарҳи амрикоиҳоро куллан бар бод доду сармоягузории чандсолаашонро бенатиҷа гузошт. Дӯстон шояд ҷузъиётро надонанд. Онҳо воқеан як артиш дуруст карданд! Ба қавли худашон, дар баробари Инқилоби Исломӣ, давлатсозӣ карданд, ҷомеъсозӣ карданд ва фикр мекарданд мавзӯро тамом кардаанд. Бо иқдоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин нақша ҷамъ шуд ва ҳамин як дастовард барои ҳазинаи он ҳузур кофӣ аст.

Зимни инки мо билохира тавонистеми Фаластину Ҳизбуллоҳро тақвият кунему дасти онҳоро амиқан пур кунем, ба наҳве ки дигар ба мо вобаста набошанд.

Дар мавриди Ғазза, шумо мебинед, ки дар дохили тунел, масалан доранд ракету мӯшак барои худашон тавлид мекунанд. Ҳатман Ҳизбуллоҳ, ки сарзамини васеътаре дорад, аз ин ҷиҳат қудрат бештаре дорад ва муҷаҳҳазтар шудааст. Ҳизбуллоҳ қудрати сиёсӣ пайдо кард, қудрати фарҳангӣ пайдо кард. Намебинед, ки имрӯз бо ҳамаи ин тахрибҳо, чӣ истиқболе аз Ҳизбуллоҳ дар дохили Лубнон мешавад! Мардуме, ки заработи сангин ба зиндагиашон хӯрдааст, ҳама бо парчами Ҳизбуллоҳ бармегирданд. Инҳо баракоту умқи роҳбурдӣ ва фарҳангии Инқилоби Исломӣ аст.

Касе наметавонад Ҳамосу Ҷиҳоду Ҳизбуллоҳро ҳазф кунад, касе наметавонад Ансоруллоҳро ҳазф кунад. Инҳо ба матни мардум табдил шудаанд; мардуме, ки муҷаҳҳазу болиғ шудаанду соҳиби донишу фанноварӣ барои сохти таҷҳизоти мавриди ниёз барои дифо аз худ ҳастанд.

Бо шароити феълӣ, ба назар мерасад, ки ҳимоят аз муқовимат сахттар мешавад; ин тавр нест?

Бале, сахттар мешавад. Албатта дар хеле аз мақотеъ, кори мо сахттар шуда, дар баъзе мақотеъ ҳам роҳаттар шуда; ин масаъла табиӣ аст, аз аввал то ҳоло ҳам ҳаминтавр будааст. Аммо нуктаи аввал ин аст, ки Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҷиҳод, имрӯз ба пуштибонии мустақим ва физикии мо хеле вобаста нестанд.

Бибинед! Магар мо дар тӯли ин муддат, бо Ҳамос дар Ғазза иртиботи мустақим доштем? Ҳеҷгоҳ надоштем, ҳамеша ҳам ҳоҷизҳои исроилӣ ва ҳампаймонони вай доштанд авзоъро кантрол мекарданд. Магар мо алон бо Яман иртиботи арзии мустақим дорем? Масири дарёиаш ҳам ки муҳосира аст. Аммо худи мардуми Яман ҳаррӯз як чизе рӯ мекунанду мӯшакҳое бо бурди ҳазор километр месозанд!

Ин ҳам аз баракоту ифтихороти Инқилоби Исломӣ аст, ки бар мабнои боварҳои илоҳӣ, ҳарҷо по мегузорад, мардуми он кишварро рушд медиҳад ва онҳоро болиғ ва иззатманд мекунад; на онки ба сабки фиръавнӣ, онҳоро вобаста ва заъиф кунад.

Фиръавн ин гӯна буд: қавмашро заъиф ва хафиф мекард то итоаташ кунанд; яъне ҳамон коре, ки имрӯз Амрико бо ақмораш мекунад. Аммо Инқилоби Исломӣ монанди ҳазрати Мусо ва Анбиёи илоҳӣ, дигаронро рушд медиҳад.

Сурия қабл аз мо чанд сол бо Шуравии собиқ муттаҳид буд? Давраи тӯлонӣ буд, аммо ҳатто фанноварии сохти як қитъаи танкро ҳам ба ӯ надода буданд то худаш битавонад бисозад! Аммо ба баракати иртибот бо Инқилоби исломӣ, мӯшаксоз шуд. Ба ҳар ҳол, муқовимат барои идомаи ҳёташ ба мо вобаста нест. Зимни инки иртиботи Эрон бо муқовимату Ҳизбуллоҳ ҳам ҳеҷ вақт қатъ нахоҳад шуд.

Аз манзари роҳбурдӣ чӣ касе шикаст хӯрдааст? Дар ин чаҳорсад панҷсад рӯз пас аз Тӯфони Ал Ақсо, бибинед вазъи режими саҳюнӣ чигуна аст. Исроиле, ки як давлати ҷаълӣ, аммо расмӣ дар ҷаҳон менамуд, имрӯз шудааст режими ишғолгар, наслкуш, ки нахуствазири он таҳти таъқиб аст. Ба акс, мардуми Фаластин ба унвони сокинони аслии ин сарзамин ва ба унвони наҳзати озодибахш дар мубориза бо ишғолгарӣ шинохта шуданд. Афкори умумии ҷаҳонӣ ва ҳатто хеле аз дастгоҳҳои расмӣ маҷбур шуданд аз ин дифо кунанд, ки Фаластин, моли фаластинҳо аст ва ин Исроил аст, ки ҳафтодсол ишғолгарӣ карда.

Воқеияти мавзӯ ин аст, ки имрӯз Исроил мустаъсал аст, ҳануз бо ҳамаи ин иқдомоте, ки кардааст амният надорад, машрӯъият надорад, ихтилофоташ ба шиддат афзоиш пайдо кардааст ва аз назари иқтисодӣ вазъи баде дорад. Бархе ғарбиҳо мегӯянд, ин кӯдакони Ғазза ва Лубнон ё Яҳё Синвор мешаванд, ё Сайидҳасан Насруллоҳ мешаванд. Бинобар ин, ҳаракати умумӣ ҳаракати пирӯзии ҷабҳаи муқовимату Инқилоби Исломӣ аст, ҳаракати қудрат ёфтани Инқилоби исломӣ ва заъфу ҳақорати Исроил аст.

Бо ин тафосире, ки шумо аз қудрату тақвияти ҷабҳаи муқовимат доред, яъне иттикои аслии Ҷумҳурии исломӣ дар мубориза бо режими Исроил, қудратманд кардани мардуму ҷаҳони ислому муқовимат барои мубориза бо ин режим аст, на сирфан муборизаи низомӣ.

Бале, ҳаминтавр аст, миллати Фаластин бояд қудрати дифо аз худашонро дошта бошанд.

Исроил, зотан ва моҳиятан, истеъдоди лозими кофӣ барои фурӯпоширо дорад. Исроил истеъдоди мондан надорад, чун ҷаълӣ аст. Имрӯз касе нест, ки Исроилро рад накунад, касе дар ҷаҳон нест, ки номашрӯъ будани Исроилу ҳаққонияти Фаластинро таъйид накунад. Исроил машрӯъияту мақбӯлияти қуллобии худро аз даст додаасту воқеияти ишғолгарӣ, наслкушӣ ва апортаеди он зоҳир шудааст. Ҷараёни умумӣ ин аст.